ЭРОНИҲО БО МИРЗОШОҲРУХ АСРОРӢ ВА РУҚИЯ ҚУРБОНОВА ВОМЕХӮРАНД

Ноябрь 12, 2008 17:26

              Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Бо мақсади ошноӣ бо вазъи Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, имрӯз мушовири Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси маркази асноди миллӣ Алӣ Акбари Ашъорӣ бо кормандони маркази мазкур вориди бинои он шуданд. Меҳмонон аз маркази дастхатҳои қадимаи Китобхонаи миллӣ, китобхонаи «Рӯдакӣ»-и Сафоратхонаи Эрон дидан намуданд. Алӣ Акбари Ашъорӣ зикр намуд, ки вазъи маркази дастхатҳо хеле хуб буда, инҷо барои нигоҳубини китобҳо муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст.             Кормандони китобхона ба меҳмонон қадимтарин нусхаҳои дастхатҳоро нишон доданд, ки яке аз онҳо — «Таърихи Табарӣ» тақрибан ба охири асри 13 ва аввали асри 14 тааллуқ дорад. Теъдоди умумии дастхатҳо 2,5 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.             Тавре раиси Маркази асноди миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Эрон миқдори дастхатҳо 26 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.           Қайд кардан бамаврид аст, ки дар китобхонаи «Рӯдакӣ» 14, 5 ҳазор китоб аз ашъор ва рӯзгори шоир ҷамъ оварда шудааст. Имсол ба муносибани ҷашни устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тақрибан 100 китоб ба ин китобхона ворид гардид.Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи сафари худ меҳмонон бо вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ ва муовини сарвазири ҶТ Руқия Қурбонова вохӯрӣ доир намоянд.

Ноябрь 12, 2008 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид