ЭРОНУ ТОҶИКИСТОН НАМОИШГОҲИ «АГРОФУД — 2008» БАРГУЗОР МЕКУНАНД

Ноябрь 7, 2008 10:18

                                                                                                   Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 8 то 12 — уми ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи байналмилалии «Агрофуд — 2008» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо дастгирии ширкати намоишӣ-рекламавии «Гроу — интернейшнл» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар намоишгоҳи мазкур мошинҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, пеститсидҳои кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, таҷҳизот ва системаҳои бастабандӣ пешкаш карда мешаванд. Соҳибкорони тоҷик метавонанд бо соҳибкорони эронӣ барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ намоянд. Инчунин, дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои Эрон, Русия ва Туркия молу маҳсулоти хешро пешкаш менамоянд.  

Ноябрь 7, 2008 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид