ФАЪОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИТТИҲОДИ АВРОСИЁ ҚАТЪ КАРДА ШУД

Ноябрь 28, 2008 13:14

        Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар асоси қарори ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё фаъолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ин Иттиҳод қатъ карда шуд.  Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар шаҳри Санкт Петербурги Россия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ҳамзамон Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё аст, баргузор гардид.       Тибқи иттилои ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Шавкат Саидов, дар ҷаласа аъзои Бюро 19 масъалаи муҳимро муҳокима карданд. Аъзои Бюро бо назардошти баргузории интихобот дар Шӯрои Ҷумҳурӣ ва Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Маҷлиси Параламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳайати Бюро ва Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё тағйирот ворид карданд. Тибқи ин тағйирот Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус- Борис Батура ва Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус- Владимир Андрейченко, Раиси Маҷлиси Параламенти Ҷумҳурии Қазоқистон- Урал Муҳамедҷонов ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон- Айтибай Тагаев дар Бюро шомил гардида, собиқ раисони  парлумонҳои ин кишварҳо хориҷ карда шуданд.  Дар ҷаласа Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мирзошариф Исломиддинов доир ба масоили  таҷрибаи фарогирии ҳуқуқии соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард. Зикр шуд, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳияи лоиҳаи санадҳои марбутаи ҳуқуқӣ  дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё аз ҷониби Комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод мавриди истифода қарор дода шавад. Аъзои Бюро инчунин масоили ҳолати иҷроиши протседураҳои дохилидавлатии шартномаҳои дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё қабулгардидаро баррасӣ намуда, оид ба тақвияти корҳо дар ин самт миёни кишварҳои аъзо тавсияҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар соли 2009 тасдиқ карда шуд. 

Ноябрь 28, 2008 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид