«ФОЛК-ФАЛАК» БО ТАШАББУСИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ «БАКТРИЯ»

Ноябрь 19, 2008 16:27

          Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ташаббуси Маркази фарҳангии «Бактрия» ва Намояндагии Комиссияи Аврупоӣ дар Тоҷикистон аз 24 то 28-уми ноябр дар пойтахт Ҳафтаи Аврупо доир мегардад.          Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур хабар доданд, нахустин чорабинӣ бо ифтитоҳи барномаи консертии «Фолк-Фалак» оғоз меёбад. Ҳамчунин, дар доираи Ҳафтаи Аврупо 26- уми ноябр дар мавзӯи «Стратегияи давлатҳои Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва бартарии он дар Тоҷикистон» конфронс доир мегардад. 27-уми ноябр намоишгоҳ таҳти унвони «Нусхаи асл» баргузор мешавад, ки дар он донишҷӯёни макотиби рассомӣ ва рассомон ширкат меварзанд. Ҳамзамон, филмҳои коргардонҳои аврупоӣ- «Тобистон дар айвон», «Дар бораи модарам», «Париж, ман туро дӯст медорам» намоиш дода мешаванд. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи чорабиниҳо дар Театри давлатии ба номи В. Маяковский гузаронида мешаванд.

Ноябрь 19, 2008 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар