«ГУЛИ АРҒУВОНӢ» ВА «ПИСАРИ ХОИН» ДАР ТЕАТРИ АҲОРУН
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ барои гузаронидани барномаи солинавӣ омодагӣ мебинанд. Ҳунарпешагони Театри давлатии «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов низ барои кӯдакон як афсонаи нав ба саҳна мегузоранд. Намоишнома аз афсонаҳои халқии рус гирифта шуда, «Гули арғувонӣ» ном дорад. Коргардон ва басаҳнагузорандаи он Некқадам Шоҳназаров буда, нақшҳои асосиро Имомхудо Амирхудоев, Сайлон Сафарова ва Ғаниҷон Олимов мебозанд. Дар назар аст, ки спектакл 20-уми декабр рӯи саҳна меояд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар театр хабар доданд, гурӯҳи эҷодии «Аҳорун» нақша доранд, ки дар аввали соли 2009 боз ду нахустнамоиш ба саҳна гузоранд. Намоишномаҳои мазкур «Модарнома» ва «Писари хоин» ном дошта, аз рӯи асари нависандаи рус Максим Горкий таҳия шудаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






