ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРӢ СОҲИБИ ШИФОХОНА ШУД

Ноябрь 25, 2008 10:32

        Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Субҳи имрӯз дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдаки маросими ба истифода додани шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Гвардияи миллӣ то ҳол шифохонаи алоҳида надошт. Дар маросими ифтитоҳи шифохонаи ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид.       Вай ва ҳамроҳонаш ҳуҷраҳои табобатӣ ва ӯтоқҳои шифохонаро аз назар гузаронданд. Тамоми ҳуҷраҳои кории шифохона бо асбобу анҷоми навтарин таҷҳизонида шудаанд. Онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шифохона тӯҳфа кардааст. Шифохонаи ҳарбӣ дорои 9 шӯъба, дорухона ва озмоишгоҳи махсус мебошад. Дар он якбора ба 120 хизматчии ҳарбӣ кӯмаки тиббӣ расонида мешавад. Дар шифохона духтурони касбӣ кор мекунанд. Шифохона 6 мошини сабукрави «Ёрии таъҷилӣ » ва 1 автобус дорад. Гвардияи миллии Тоҷикистон бевосита ба Президенти ҷумҳурӣ — Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ итоат карда, вазифаҳои мувофиқи қонун ба зимма гирифтаашро иҷро менамояд.

Ноябрь 25, 2008 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд