ХАЗИНАИ ОҒОХОН ДАР МӮЪМИНОБОД «МУАССИСАИ МАДАДГОР» ТАЪСИС ДОД
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Мӯъминобод Сафаралӣ Зокиров, бо мақсади ривоҷи соҳаи боғу токпарварӣ бо дастгирии Хазинаи Оғохон дар ноҳия барои парвариши ниҳолҳои босамар гармхонаҳои ниҳолпарварӣ сохта шуд. Дар ин гармхонаҳо ниҳолҳои нодири себу нок, шафтолую зардолу, чормағзу бодом парвариш карда мешаванд. Баъди як соли сабзиш ниҳолҳоро пайванд карда, соли сеюм ба боғҳои нав мегузаронанд. Барои бунёди боғҳои нав ва истифодаи техника тавассути ташкилоти Хазинаи Оғохон дар ноҳия «Муассисаи мададгор» таъсис дода шудааст, ки кори боғдоронро хеле сабук мекунад . Бартарии муассисаи нав дар он аст, ки хизматрасонияш нисбат ба хизматрасонии соҳибкорони хусусӣ барои боғдорон 30-35 фоиз арзон мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






