ХОҶАГИҲО ДАР БОЗГАШТИ ТУХМӢ САҲЛАНГОРӢ МЕКУНАНД

Ноябрь 13, 2008 09:49

                Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзӣ, дар аввали соли 2008 дар асоси шартнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба миқдори 1620,5 тонна картошкаи тухмӣ тақсим карда шуд, ки фонди бозгашти он 2430 тоннаро ташкил медиҳад.               То 7- уми ноябр аз тарафи хоҷагиҳо ба Вазорати кишоварзӣ 261,6 тонна картошка баргардонида шудааст, ки ин 16,1 фоизи фонди бозгаштро ташкил медиҳад.               Боиси тазаккур аст,ки соли ҷорӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) -и пешсафи мамлакат тухмии хушсифати навъҳои «Кардинал» ва «Пикассо»-ро аз хориҷи кишвар ворид ва тақсим намуд.               Бо мақсади зиёд намудани тухмии хушсифату серҳосил Вазорати кишоварзӣ фонди бозгаштро ташкил дод.               Хоҷагиҳоро зарур аст, ки баробари баргардонидани тухмии гирифташуда ба фонди бозгашт дар асоси шартномаи басташуда, илова 800 тонна картошка супоранд, аммо чунон, ки маълум шуд, хоҷагиҳо дар баргардонидани картошкаи тухмӣ ба фонди бозгашт саҳлангорӣ мекунанд.

Ноябрь 13, 2008 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад