ИДИ ҚУРБОН КАДОМ РӮЗ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД ?
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Иди Қурбон имсол дар Тоҷикистон мисли ҳамаи мамлакатҳои дигари исломӣ 8 — декабр таҷлил карда мешавад. Аз Шӯрои уламои мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Иди Қурбон одатан баъди 70 рӯзи анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон ҷашн гирифта мешавад. Моҳияти иди мазкур ба Худованд то ҳадди имкон наздик сохтани одамон мебошад. Тавре ки маълум аст, мусулмонон дар рӯзи Иди Қурбон дар ҷойҳои муқаддаси ислом маросими ҳаҷро ба ҷо меоранд. Имсол аз Тоҷикистон барои иҷрои маросими ҳаҷ 5 ҳазор нафар ба Маккаю Мадина сафар мекунанд. Ба шарафи Иди Қурбон рӯзи 8 — уми декабр дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






