ИМСОЛ ҲАМ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА ЗЕРИ СУОЛ ҚАРОР ДОРАД

Ноябрь 12, 2008 11:51

               Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар давоми як ҳафтаи охир ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ рӯзе аз 0,1 фоиз боло нарафт.              То 10- уми ноябр хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба миқдори 351 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин ба 63,9 фоизи дурнамои истеҳсолӣ баробар аст.              Ҷамъоварии ҳаррӯзаи пахта дар моҳи ноябр якбора ба 0,1 фоиз расид, ки ин нисбат ба охири моҳи октябр ба андозаи 0,9-1 фоиз камтар мебошад.               Суръати пахтачинӣ дар пешқадамтарин ноҳияҳои пахтакор- Кӯлобу Шаҳритус ҳам хеле суст шуд. Ин аст, ки дар сурати ҷамъоварии ҳаррӯзаи 0,1 — 0,2 фоизи пахта, иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар соли равон дар ин ду ноҳияи пешсафи ҷумҳурӣ зери суол қарор мегирад.              Дар ноҳияи Шаҳритус аз 19 хоҷагии пахтакор танҳо ду хоҷагӣ- хоҷагии деҳқонии Сайёд ва хоҷагии деҳқонии Пахтаобод мутаносибан ба андозаи -164- 188,2 фоиз дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро кардаанду халос. Дигар хоҷагиҳои пахтакори ин ноҳия ҳатто 70 фоизи иҷрои нақшаи истеҳсолӣ нарасидаанд.              Дар ноҳияи Кӯлоб вазъи ҷамъоварии пахта беҳтар бошад ҳам, бо чунин суръат 100 фоиз иҷро кардани нақша ба гумон аст.  

Ноябрь 12, 2008 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид