ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ ХИЗМАТҲОИ АКАДЕМИК А. МИРЗОЕВ — РО ҚАДР МЕКУНАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 25-26-уми ноябри соли ҷорӣ Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-умин солгарди таъсисёбии худ ва 100- солагии академик Абдулғанӣ Мирзоевро ботантана ҷашн хоҳад гирифт. Бахшида ба ин санаҳо дар иститути мазкур конфронси илмӣ таҳти унвони «Академик А. Мирзоев ва инкишофи илми шарқшиносии тоҷик» баргузор мегардад.Дар конфронс як қатор масъалаҳои марбута, аз ҷумла саҳми академик А. Мирзоев дар рушди соҳаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, марҳилаҳои асосии ташаккули илми шарқшиносии тоҷик, масъалаҳои омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Шарқ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Қайд кардан бамаврид аст, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ яке аз марказҳои умдаи шарқшиносӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он дар бораи кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳои Шарқ тадқиқоти амиқ бурда мешавад. Академик Абдулғанӣ Мирзоев яке аз асосгузорони мактаби шарқшиносии тоҷик буда, солҳои дароз дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва ғайра тадқиқот бурдааст. Ҳамчунин, дар ҷамъоварии дастхатҳои қадима низ саҳми арзанда гузоштааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






