ИНСТИТУТИ ШАРҚШИНОСӢ ХИЗМАТҲОИ АКАДЕМИК А. МИРЗОЕВРО ҚАДР МЕКУНАД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-умин солгарди таъсисёбии худ ва 100- солагии академик Абдулғанӣ Мирзоевро бо тантана ҷашн хоҳад гирифт. Бахшида ба ин санаҳо дар иститути мазкур таҳти унвони «Академик А. Мирзоев ва инкишофи илми шарқшиносии тоҷик» конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар конфронс як қатор масъалаҳои марбута, аз ҷумла саҳми академик А. Мирзоев дар рушди соҳаҳои гуногуни улуми иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, марҳилаҳои асосии ташаккули илми шарқшиносии тоҷик, масъалаҳои омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Шарқи хориҷӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои инкишофи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамлакатҳои Шарқ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Қайд кардан бамаврид аст, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ яке аз марказҳои умдаи шарқшиносӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби он дар бораи кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳои Шарқ тадқиқоти амиқ бурда мешавад. Академик Абдулғанӣ Мирзоев яке аз асосгузорони мактаби шарқшиносии тоҷик буда, солҳо дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, фалсафа, адабиёт ва ғайра тадқиқот бурдааст. Ҳамчунин, дар ҷамъоварии дастхатҳои қадима низ саҳми арзанда гузоштааст. Бояд зикр намуд, ки конфронс ду рӯз идома хоҳад ёфт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






