ИСЛОМ БА ТАФРИҚААНДОЗӢ ВА ДИГАР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ НАФРАТ ДОРАД

Ноябрь 7, 2008 13:57

                                                                                                               Душанбе. 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурӯҳи ходимони динии  Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Неъматзода аз 8-умин конфронси мусулмонони ҷаҳон баргаштанд.          Конфронси мазкур таҳти унвони «Ислом дар роҳи сулҳ, садоқат ва ваҳдат» дар пойтахти Ҷамоҳири Арабии Либия- шаҳри Триполи баргузор гардид. Дар ин нишаст 500 нафар ходими дин аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Яке аз иштирокдорони нишаст раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд  Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки иштирокдорони конфронси 8-уми мусулмонони дунё масъалаҳои муҳими марбут ба ҷаҳони ислом ва мусулмононро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки ислом дар ҷаҳони имрӯза танҳо сулҳу дӯстӣ, бародарию ҳамрайъӣ ва садоқату ваҳдатро парастиш намуда, ба терроризм, тафриқаандозӣ  ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки имрӯз бархе аз гурӯҳҳо онро ба дини мубини ислом нисбат медиҳанд,  нафрат дорад.

Ноябрь 7, 2008 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид