ИСТИҚОМАТКУНАНДАИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БА ДАСТИ КОРМАНДОНИ ВКД АФТОД
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Чехов 1/3-и пойтахт бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар истиқоматкунандаи минтақаи Бедаки ноҳияи Шоҳмансур Шодибек Адҳамови 23-соларо дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз борхалтаи Ш. Адҳамов 12 килограмму 379 грамм афюн ёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






