КӢ ВА БАРОИ ЧӢ АЗ «ЗАНИ САРВАТМАНД» ДАСТ КАШИД?

Ноябрь 10, 2008 14:42

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дар Театри драмавии ба номи В. Маяковский машқҳои намоишномаи «Зани сарватманд» барқарор карда шуд. Бори аввал ин намоишнома аз рӯи песаи драматурги озарӣ Али Амирли дар ҳамин театр гузошта шуда буд.    Имрӯз намоиши «Зани сарватманд» дар овезаҳои ду театр ҷой дорад. Дар Театри ҷавонон бо забони тоҷикӣ ва дар Театри драмавии ба номи Маяковский бо забони русӣ. Аммо, дар ҳамин ҳол, Театри Маяковский бо сабаби дар рухсатӣ будани актрисае, ки нақши асосиро мебозад, муваққатан аз ин намоишнома даст кашидааст.Бо вуҷуди ин, муаллифи песа — Али Амирли, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад, хоҳиши зиёд доштанашро барои тамошои намоишнома дар иҷрои ҳунармандони Театри Маяковский иброз намуд.      

Ноябрь 10, 2008 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар