КӮМАКИ ШВЕЙТСАРИЯ ВА СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ БА ҶТ

Ноябрь 27, 2008 08:17

      Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои амалӣ сохтани барномаи кам кардани таъсири шароити ғайримуқаррарии иқлим ба соҳаи тандурустӣ созишнома имзо карданд. Мувофиқи он фасли зимистони соли равон ба муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон кӯмак расонда мешавад. Маблағи умумии барнома 381 ҳазор франки швейтсариро ташкил медиҳад.     Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати Тоҷикистон баъди зимистони каҳратуни соли гузашта ба мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои ҳавои сард ва бӯҳрони энергетикӣ кӯмак расонанд.      Барномаи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Ноябрь 27, 2008 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд