КАНАЛИ «ГУМБУЛОҚ» — И НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД АЗ НАВ ОБШОР МЕШАВАД
Душанбе, 19 ноябр (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – 20-уми ноябри соли 2008 дар ноҳияи Файзобод маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барқарорсозии канали Гумбулоқ барои обёрикунии ҷамоатҳои «Бўстон» ва «Меҳробод»-и ноҳияи Файзобод» дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурди Ҳукумати Ҷопон баргузор мегардад. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳа 83,889 доллари ИМА ҷудо намудааст. Бо амалӣ гардонидани ин лоиҳа канали «Гумбулоқ», ки дар соли 1953 сохта шуда буд, аз нав барқарор гардид. Бо мурури замон, миқдори обгузаронии канали мазкур аз 1000 литр дар як сония то ба 200-250 л/с паст шуд. Баъди анҷоми лоиҳаи мазкур ба 170 га замини ҷамоатҳои «Бўстон» ва «Меҳробод» имконияти обёрӣ пайдо шуд. Гузашта аз ин, беш аз 15 ҳазор аҳолии ин ҷамоатҳо имконияти обёрикунии заминҳои наздиҳавлигӣ ва афзоиш додани маҳсулоти кишоварзиро пайдо намуданд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб дар чаҳорчӯбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаҷман хурд 215 лоиҳаи кўмакҳои башариро роҷеъ ба рушд дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 13,689,128 доллари ИМА амалӣ намудааст. Дар ин бора аз Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






