КАЗЗОФӢ: «МУСУЛМОНОНИ ИДМ, ДАР ҲИФЗИ ИСЛОМ УСТУВОР БОШЕД!»
Душанбе, 10 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба 60 нафар ходими динии Тоҷикистон имкон даст дод, ки аз мулоқоти судманди роҳбари муаззами инқилоби Либия- Муаммар Ал-Казоффӣ баҳравар гарданд. Роҳбари инқилоби Ҷамоҳири Арабии Либия Муаммар Ал- Казоффӣ бо даъвати муфтии Федератсияи Русия Равил Гайнутддин ба ин давлат омада, дар толори меҳмонхонаи «Hotel President» (Ҳотел Президент)- и Маскав бо ходимони динии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидору мулоқот намуд. Тибқи иттилои ноиби раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷиҳусайн Мӯсозода, ки дар вохӯрӣ иштирок дошт, Муаммар Ал-Казоффӣ зимни суханронияш доир ба нақши ислом ва мавқеи мусулмонони ҷаҳон дар шароити глобализатсияи ҷаҳони муосир ибрози назар кард. Ӯ гуфт, ки дини мубини ислом дар ҷаҳони кунунӣ нисбати дигар динҳо эҳтирому самимияти бузург дошта, ба инсонҳо рӯҳияи дӯстиву рафоқат, ҳамбастагӣ ва худшиносиро талқин менамояд. М. Каззофӣ аз мусулмонони ИДМ даъват ба амал овард, ки дар ҳифзи арзишҳои олии дини мубини ислом устувор бошанд, то нагузоранд гурӯҳе ё халқе ба дини ислом ва паёмбарони он иснод орад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






