КИРОЯКОРӢ САБАБИ БАЛАДШАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Ноябрь 13, 2008 09:48

                  Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати сиёсати техника ва инфраструктураи кишоварзии ҷумҳурӣ, автомобилҳои боркаши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) сол ба сол камтару корношям мегарданд.                  Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 5437 адад автомобилҳои боркаш ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин 2136 ададаш қобили истифода мебошад.                  Боиси зикр аст, ки ҷумҳурӣ дорои 29 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад, ки ин миқдор мошинҳои боркаш дар иҷрои корҳои хоҷагиҳо нокифоя аст.                  Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 140 автомобили боркашонӣ мавҷуд аст, ки танҳо 57 -тои он қобили истифода мебошад.                 Дар вилояти Суғд аз 2886 -1529, вилояти Хатлон аз 1844 -133 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 467 — 217 -тои автомобилҳои боркаш он қобили истифодабарӣ мебошад.                 Хоҷагиҳое, ки автомобилҳои боркашонӣ надоранд тавассути киррокашонӣ маҳсулоти худро ба нуқтаҳои зарурӣ интиқол медиҳанд, ки ин боиси боло рафтани нархҳо дар маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.

Ноябрь 13, 2008 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд