КИРОЯКОРӢ САБАБИ БАЛАНДШАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати сиёсати техникӣ ва инфраструктураи кишоварзии ҷумҳурӣ, автомобилҳои боркаши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) сол ба сол камтару корношоям мегарданд. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 5437 адад автомобилии боркаш ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин 2136 ададаш қобили истифода мебошад. Боиси зикр аст, ки ҷумҳурӣ дорои 29 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад, ки ин миқдор мошинҳои боркаш дар иҷрои корҳои хоҷагиҳо нокифоя аст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 140 автомобили боркашонӣ мавҷуд аст, ки танҳо 57 -тои он қобили истифода мебошад. Дар вилояти Суғд аз 2886 -1529, вилояти Хатлон аз 1844 -1а 333 дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 467 — 217 -тои автомобилҳои боркаш қобили истифодабарӣ мебошанд. Хоҷагиҳое, ки автомобилҳои боркашонӣ надоранд, тавассути кирокашонӣ маҳсулоти худро ба нуқтаҳои зарурӣ интиқол медиҳанд, ки ин боиси боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






