КИШИНЁВ РОҲБАРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ-РО ГИРДИ ҲАМ ОВАРД

Ноябрь 14, 2008 10:56

                Душанбе.14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Молдова -шаҳри Кишинёв ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.               Дар назар аст, ки дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳаётан муҳими вобаста ба рушди иқтисодиёти кишварҳои ИДМ, хусусан масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи мазкур зимни нишасти сарони давлатҳои узви ИДМ дар моҳи октябри соли равон низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.                 Интизор меравад, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ масъалаи муайян намудани самтҳои афзалиятноки тақвияти ҳамкории давлатҳои ИДМ дар бахши нақлиёт ва коммуникатсия низ баррасӣ мегардад.               Дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок менамояд, ки 13 -уми ноябр бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Кишинёв сафар намуд.

Ноябрь 14, 2008 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид