КИШВАРҲОИ ИДМ МУБОРИЗАРО БАР ЗИДДИ ГАРДИШИ МАВОДИ МУХАДДИР ТАҲКИМ МЕБАХШАНД
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз масъалаҳое буданд, ки 3 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои Шӯро ҳамзамон, Созишномаи байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин, дар хусуси Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ ва муҳокима намуда, роҷеъ ба онҳо пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд. Зикр шуд, ки ин масъалаҳо бобати тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, таҳки ми мубориза бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб нақши муассир мегузорад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






