КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚИ БАХШИДА БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗ&#125

Ноябрь 25, 2008 17:01

       Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар шаҳри Бишкек дар мавзӯи банақшагирии барномаҳои рушди иқтисодиёти Осиёи Марказӣ конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Қадамалиев ширкат варзид.       Инчунин, дар конфронс намояндагони муассисаҳои давлатию ҷамъиятии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.        Онҳо масъалаҳои таҳияи барномаҳои гузаронидани тадбирҳои таълимиро дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2009-2010, ба роҳ андохтани муносибатҳои ҳамкорӣ ва тавсеа додани имкониятҳои ҳамкориро дар байни мамлакатҳои минтақа муҳокима намуданд.       Дар ҷараёни конфронс талаботи омода сохтани кадрҳо барои соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ба миён гузошта шуд. Аз рӯи натиҷаҳои конфронс қарори дахлдор қабул гардид.

Ноябрь 25, 2008 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид