КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 21 ноябр дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ ва амалӣ баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои асосии конфронс проблемаҳои риоя намудани талаботи меъёрҳои Қонуни асосии ҷумҳурӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ буд. Дар ин хусус мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии донишгоҳ, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов сухан ронд. Суханронии мудири кафедраи радио ва телевизиони донишгоҳ, профессор Асадулло Саъдуллоев ва муаллими калони кафедраи матбуоти донишгоҳ Қироншоҳ Шарифзода ба масъалаҳои шахсият ва маҳорати рӯзноманигорон ва проблемаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ бахшида шуд. Иштирокчиёни конфронс баъдан масъалаи қабули Кодекси одоби журналистиро муҳокима намуданд. Зикр шуд, ки кодекси мазкур бояд на танҳо асоси тарбияи журналистони ҷавон гардад, балки ба ҳалли проблемаҳои фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ мусоидат карда тавонад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






