КОРМАНДОНИ ТИБ БАЪДИ ДИПЛОМ ГИРИФТАН МУШКИЛОТИ СОҲАРО ҲАЛ МЕКУНАНД?
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). -22-юми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси XIV-уми солонаи илмӣ – амалии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони давлатҳои бурунмарзӣ баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон доир мегардад. Мавзӯи конфронс «Моҳияти таълимоти баъдидипломӣ ва фаъолияти мунтазам барои ҳалли масъалаҳои муосири тандурустӣ» аст. Дар конфронс мутахассисони Вазорати тандурустӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиби Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






