КОРШИНОС АЗ НОКОМИИ ДУХТАРОН ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД
Хоруғ, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додоев).- Сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Бек Хусравов иттилоъ дод, ки дар мактабҳои варзишии вилоят шумораи духтарон пайваста кам мешавад. Бо ҳамин сабаб солҳои охир ҷавондухтарони Бадахшон дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ на дар ҳамаи намудҳои варзиш ба гирифтани ҷойҳои намоён ноил мегарданд. Дар бозиҳои якуми варзишии бонувони ҷумҳурӣ, ки соли 1999 баргузор гардида буд, бонувони ВМКБ дар ҳисоби умумидаставӣ ҷои аввалро соҳиб шуданд. Соли равон дуюмин Бозиҳои варзишии бонувони ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгардухтарони вилоят аз намуди волейбол ҷои аввалро ишғод карданд. Ҳамзамон, дар ҳисоби умумидаставӣ ҷои чорумро ишғол намуданд. Ба гуфтаи Бек Хусравов, яке аз сабабҳои асосии нокомии варзишгардухтарон дар мусобиқот, кам баргузор кардани мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ мебошад. Аксарияти мусобиқаҳо танҳо дар рӯзҳои ид ва таърихӣ мегузаранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






