КОРШИНОСОН САНОАТРО АЗ МАОРИФ ПЕШ МЕГУЗОРАНД

Ноябрь 14, 2008 11:56

              Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи буҷаи давлатӣ» барои соли 2009» аз ҳисоби Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20 миллиарду 665 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.            Аз ҳисоби буҷаи соли 2009 барои давом додани сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба андозаи 553 млн.сомонӣ, рушди бахши кишоварзӣ 353 млн., нақлиёт ва коммуникатсия-448 млн., маориф -1 миллиарду 164 млн., тандурустӣ — 396 млн. ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 937 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.            Маблағҳои пешбинишуда бозгӯи онанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол беҳтар ва бештар мегардад.Аммо коршиносон бар он ақидаанд, ки агар 1 миллиарди барои соҳаи маориф ҷудошуда ба соҳаҳои кишоварзӣ ё саноат ҷудо мегардид, Тоҷикистон як қадам пештар рӯ ба беҳбудӣ мегузошт.

Ноябрь 14, 2008 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид