ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО ШАБАКАИ ГАРМИДИҲӢ ПУРРА ТАЪМИН НЕСТ

Ноябрь 21, 2008 16:27

        Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар Литсейи президентии шаҳри Чкалови вилояти Суғд моҳи марти соли 2008 сохтмони нотамоми иншоот аз нав оғоз шуда буд. То 1-уми ноябр корҳои иҷрогардида зиёда аз 3,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳоле, ки аз буҷети вилоят 6,0 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи дуюм 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.         Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он ҶMM «Капиталстройсервис» аст.         Айни замон дар иншоот 110 нафар сохтмончӣ кор мекунанд. То имрӯз болопӯш намудани фарши бом 90%, пардози даруни бино-90 %, пардози беруни бино-75 %, навбати аввали барқтаъминкунии бино -100 % ва қисман навбати дуюм оғоз гардидааст. Корҳои насби дастгоҳи ҳавотозакунии бино 80 % анҷом ёфта, хатҳои оби гарм ва хунук ба ҳавзҳои шиноварӣ пайваст карда шудаанд. Гузоштани тиреза ва дарҳои бинои мазкур 75 % ва панҷарабанд намудани гирду атрофи бино тахминан 90 % иҷро карда шудааст.          То имрӯз масъалаи бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин намудани иншооти мазкур ҳалли пурраи худро наёфтааст. 

Ноябрь 21, 2008 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид