М. ДОДОҶОНОВ: «АМРИКО ВОҚЕАН КИШВАРИ ДЕМОКРАТИСТ»

Ноябрь 19, 2008 11:57

Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати 30 нафараи кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ- парлумон, Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аҳзоби сиёсӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд.  Сафари намояндагони Тоҷикистон ба ин кишвар тавассути барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалии ИМА ва мусоидати Сафорати Амрико дар Душанбе ҷараён гирифт. Зимни сафар ба Амрико намояндагони Тоҷикистон озими иёлоти Вашингтон, Чикаго ва Миннесота шуда, бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи демократия дар ин кишвар аз наздик шинос гардиданд.  Роҳбари дастгоҳи Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, ки дар ҳайат шомил буд, таассуроти худро аз ин сафар дар сӯҳбат ба хабарнигори «Ховар» баён карда, гуфт, ки –Амрико воқеан кишвари демократист. Онҷо арзишҳои волои демократия, хусусан ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз нажод ва дину мазҳаб ҳимоя карда шуда, озодии сухан ва гуногунандешӣ мавҷуд аст. Шаҳрвандони ин кишвар дар ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатии Амрико, рушди иқтисодиёт ва шукуфоии кишваршон хеле фаъол буда, ба ояндаи худ бо назари нек менигаранд.  Ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар ин сафар на танҳо бо вазъи демократия дар Амрико шинос шуданд, балки онҳо дар мақомоти мунисипалӣ, сохторҳои гуногуни ин давлат ва дигар марказҳои илмию тадқиқотии Амрико вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида, доир ба вазъи сиёсию иқтисодӣ, сохтори давлатӣ, рушди равандҳои демократия дар кишварамон ибрози назар намуданд. Чунин як вохӯрии ҷолиб дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии ба номи Р. Уолворти иёлоти Миннесота доир шуд. Тибқи иттилои ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ Анора Акбарова, ин барнома нав буда, аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Он аз ҷониби китобхонаи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад. Тавассути ин барнома то ин муддат беш аз 60 нафар кормандони сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ба Амрико сафар карда, ҷаҳонбинии худро васеъ намудаанд. 

Ноябрь 19, 2008 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид