М. ДОДОҶОНОВ: «АМРИКО ВОҚЕАН КИШВАРИ ДЕМОКРАТИСТ»

Ноябрь 19, 2008 10:54

      Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як ҳайати 30 нафараи кормандони сохторҳои гуногуни давлатӣ- парлумон, Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аҳзоби сиёсӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд.      Сафари намояндагони Тоҷикистон ба ин кишвар тавассути барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалии ИМА ва мусоидати Сафорати Амрико дар Душанбе ҷараён гирифт. Зимни сафар ба Амрико намояндагони Тоҷикистон озими иёлоти Вашингтон, Чикаго ва Миннесота шуда, бо ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вазъи демократия дар ин кишвар аз наздик шинос гардиданд.       Роҳбари дастгоҳи Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, ки дар ҳайат шомил буд, таассуроти худро аз ин сафар дар сӯҳбат ба хабарнигори «Ховар» баён карда, гуфт, ки –Амрико воқеан кишвари демократист. Онҷо арзишҳои волои демократия, хусусан ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа новобаста аз нажод ва дину мазҳаб ҳимоя карда шуда, озодии сухан ва гуногунандешӣ мавҷуд аст. Шаҳрвандони ин кишвар дар ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатии Амрико, рушди иқтисодиёт ва шукуфоии кишваршон хеле фаъол буда, ба ояндаи худ бо назари нек менигаранд.      Ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар ин сафар на танҳо бо вазъи демократия дар Амрико шинос шуданд, балки онҳо дар мақомоти мунисипалӣ, сохторҳои гуногуни ин давлат ва дигар марказҳои илмию тадқиқотии Амрико вохӯрию сӯҳбатҳо гузаронида, доир ба вазъи сиёсию иқтисодӣ, сохтори давлатӣ, рушди равандҳои демократия дар кишварамон ибрози назар намуданд. Чунин як вохӯрии ҷолиб дар Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии ба номи Р. Уолворти иёлоти Миннесота доир шуд. Тибқи иттилои ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони кушода»-и Шӯрои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ Анора Акбарова, ин барнома нав буда, аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Он аз ҷониби китобхонаи Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад. Тавассути ин барнома то ин муддат беш аз 60 нафар кормандони сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ба Амрико сафар карда, ҷаҳонбинии худро васеъ намудаанд. 

Ноябрь 19, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд