М. УБАЙДУЛЛОЕВ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЗЕРСОХТОРҲОИ «БАРҚИ ТОҶИК» НОРОЗИСТ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи гузориши мудири шӯъбаи арзу шикоятҳо ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Кабиров, дар ҳафтаи сипаришуда аз 297 муроҷиати воридгардида 240 адади он ба масъалаи камбуди интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии пойтахт аз ҷониби зерсохторҳои дар пойтахт будаи ШСХК «Барқи Тоҷик» рост меояд. Ин матлаб дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зикр гардид. Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз самараи корҳои анҷомдодаи зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки бо назардошти муҳим будани масъалаи зимистонгузаронӣ ва ҳарчи хубтар ташкил намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷониби сохторҳои масъули хизматрасон бояд корҳои нақшавӣ анҷом дода шавад. Зикр гардид, ки тавре аз муроҷиати шаҳрвандон бармеояд, ҳамарӯза қатъшавии интиқоли барқ дар шаҳраку маҳаллаҳои алоҳидаи пойтахт пайваста меафзояд. Ин шаҳодати он аст, ки дурнамои хизматрасонии ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ва иҷрои вазифаҳои таъинотии он дар фасли сармо норавшан мемонад. Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов, Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ислоҳи вазъ ва баланд бардоштани масъулияти хизматрасонию иҷрои вазифаҳои таъинотӣ аз ҷониби ҶС «Шабакаҳои барқи Душанбе» ба раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дод, ки барои таъмин накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ин сохтори зертобеи ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба суд кашида, то зарари ба аҳолӣ расонидаро ҷуброн намояд. Дар масъалаи бо гармӣ таъмин будани муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг новобаста аз рақамҳои гӯёии ҳисоботии масъулин, супориш шуд, ки ҳолати воқеӣ аз ҷониби комиссияҳои депутатӣ бо иштироки масъулини вазоратҳои марбута дар давоми се рӯз санҷида шуда, ба раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод карда шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






