М. УБАЙДУЛЛОЕВ БО МАРДУМ БА ҲАШАРИ УМУМИШАҲРӢ БАРОМАД
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Субҳи 15-уми ноябр якҷоя бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Душанбе ва кормандони идораю муассисаҳои дар қаламрави пойтахт буда, ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, дар тоза намудани канали дереватсионӣ ва ҳавзи танзими шабонарӯзии муассисаи хизматрасонии пойтахт саҳм гузошта истодаанд. Тавре котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов аз маҳали баргузории ҳашари умумишаҳрӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар иттилоъ дод, — ин иқдом аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мақсади ҳарчи бештар дастрас гардидани оби тозаи ошомиданӣ ба шаҳрвандон андешида шудааст. Ҳашар аз ҷониби сокинон ва кормандони муассисаҳои гуногуни пойтахт бо ҳамовозии самимӣ истиқбол гирифта шуд. Ин аст, ки сокинони пойтахт иқдоми наҷиби раиси шаҳрро хуш пазируфта, аз соати 9-и субҳ ихтиёрӣ ба ҳашари умумишаҳрӣ баромаданд. Шавкат Саидов ҳамзамон афзуд, ки соат ба соат сафи иштирокчиёни ҳашари умумишаҳрӣ меафзояд ва дар назар аст, ки дар он то 10 ҳазор нафар сокинон ва кормандони муассисаю идораҳои гуногуни пойтахт иштирок намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






