М. УБАЙДУЛЛОЕВ ДАР КОНФРОНСИ МАРБУТ БА ЯРОҚИ ҶАНГӢ ШИРКАТ ВАРЗИД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-24-уми ноябри соли 2008 дар толори Қасри Таврическии Санкт-Петербург Конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи гуманитарии байналхалқӣ бахшида ба 140-солагии қабули Эъломияи Санкт-Петербургии соли 1868 дар бораи манъ кардани истифодаи тирҳои таркандаву оташбарангез, баргузор гардид. Конфронс бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ ва Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяҳои байнипарлумонии ИДМ ва АврОсиё, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) созмон дода шуд. Дар он дар радифи намояндагони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҳайати баландпояи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзиданд. Ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов аз Санкт-Петербург ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Абдумаҷид Достиев ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуда, дар расми кушодашавии конфронс баромад намуд. Иштирокчиёни конфронс аҳамияти Эъломияи Санкт-Петербургии соли 1868 дар бораи манъ доштани истифодаи тирҳои таркандаву оташбарангезро ҳамчун санади муҳими башардӯстона дар ҳифзу амнияти аҳолии осоиштаи кишварҳои дар ҳоли ҷанг қарордошта зикр намуданд. Дар конфронс Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх Якоба Келленбергер бо нутқи пурмӯҳтаво дар мавриди риояи истифодаи яроқҳои ҷангӣ дар ҷараёни муноқишаву муборизаҳои ҳарбӣ миёни кишварҳои даргир баҳри ҳимояи аҳолии осоишта, гузашта аз ин, таъмини ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар партави амалишавии муносибатҳои ҷадиди ҷаҳонӣ баромад намуданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






