М. УБАЙДУЛЛОЕВ: «ИСТИФОДАИ ПОТЕНСИАЛИ ВОҚЕӢ БА ТАВРИ ДИЛХОҲ АНҶОМ НАШУД»
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо Бундестаги Олмон меҳвари асосии мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дорис Хертрампф буд. Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев хонум Дорис Хертрампфро ҷиҳати таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи олии дипломатӣ, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама робитаҳои иқтисодӣ тақвият хоҳанд ёфт. Зеро дар марҳилаи рушди муносибатҳои дуҷониба, ки аз иродаи сиёсии Роҳбарияти олии кишварҳо сарчашма мегиранд истифодаи потенсиали воқеӣ, ки ба ҳадафҳои тарафайн ҷавобгӯ бошад, ба таври дилхоҳ анҷом нашудааст. Итминон аст, ки баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарлумонӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар партави сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Тоҷикистон потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта мавриди истифода қарор мегиранд. Дар робита парлумони Тоҷикистон, хусусан палатаи болоии он сайъ менамояд, ки гурӯҳи дӯстии парлумониро барои густариши равобити байнипарлумонӣ таъсис диҳад. Дар навбати худ, дипломати олмонӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқот арзи сипос намуда, гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибатҳо бо парлумони Аврупо тадбирҳои судмандро анҷом медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






