МАҚСАД РУШДИ САЛОМАТИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН АСТ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 29- уми ноябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Каён -1» оид ба татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кўдакон ва наврасон то соли 2015» машварати миллӣ гузаронида мешавад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, масъулини вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Инчунин, дар машварат масъалаҳои стратегияи аврупоӣ оид ба рушди саломатии кўдакон ва наврасон, мундариҷа, мақсад ва вазифаҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кўдакон ва наврасон то соли 2015» муҳокима карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






