МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ МУАССИСАҲОИ ГУМРУКИ ИДМ ДАР КУҶО БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Ноябрь 27, 2008 12:31

Душанбе, 27  ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Мавҷуда  Давлатзода). – Дар  шаҳри  Санкт – Петербург  маҷлиси  48-уми  Шӯрои роҳбарони   муассисаҳои  гумруки мамлакатҳои  ИДМ  баргузор  гардид. Маҷлис  ба  15  солагии  таъсиси  Шӯрои  роҳбарони  муассисаҳои  гумрукӣ  бахшида шуд. Дар  он  роҳбарони  муассисаҳои гумрукии  давлатҳои  ИДМ,  намояндагони Кумитаи  иҷроияи  ИДМ, Агентии  Федералии  таҷҳизонидани  сарҳади  давлатии  Федератсияи  Россия  ва  маҷлиси  қонунбарори  шаҳри  Санкт – Петербург  ширкат  варзиданд. Иштирокчиёни  маҷлис  ҷараёни  иҷрои  қарорҳои  маҷлиси  гузаштаи  Шӯро,  рафти тайёрӣ  ба  маҷлиси   роҳбарони  муассисаҳои  гумруки  давлатҳои  ИДМ,  таъсиси   нишонаҳои  сарисинагии  Шӯрои  роҳбарони  муассисаҳои гумруки  ИДМ,  нақшаи  кори  Шӯро  дар  соли  2009  ва  ғайраро  муҳокима  карданд. Ҳамчунин,  масъалаи  ташкили  Маркази  минтақавии  Созмони  ҷаҳонии  гумрук  дар  қаламрави  Украина  муҳокима  шуда,  протоколи  ба  роҳ  мондани мубодилаи  маълумот  дар  бораи  мол ва   воситаҳои  нақлиёте, ки   тавассути   сарҳади  гумрукии давлатҳои  ИДМ  гузар  мекунанд,  имзо  карда шуд. Иштирокчиёни  маҷлис  баъдан   Раиси  шӯрои  роҳбарони   муассисаҳои гумруки   мамлакатҳои  ИДМ  ва  котиби  онро   интихоб  намуданд. Қарор  дода шуд, ки  маҷлиси  навбатии  Шӯрои   роҳбарони  муассисаҳои  гумруки   давлатҳои  ИДМ   дар  давоми  моҳҳои  май  ва  июни  соли  2009   дар  шаҳри  Қиболаи  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  гузаронида шавад.

Ноябрь 27, 2008 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд