МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТАНДУРУСТИИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар шаҳри Душанбе маҷлиси панҷуми Шӯрои тандурустии назди Кумитаи иҷроияи Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Россия, Қирғизистон, инчунин котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва гурӯҳи минтақавии амалӣ сохтани барномаҳои назорати СПИД дар Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкорӣ дар бобати пешгирӣ ва кам кардани бемориҳои сирояткунанда муҳокима шуданд. Қарор дода шуд, ки маҷлиси ояндаи Шӯрои мазкур дар Федератсияи Россия гузаронида шавад. Дар он ҷараёни иҷрои барномаи байнидавлатии «Саломатии халқҳои мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия», ҳамкорӣ дар рушди муносибатҳо ва технологияи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ва кӯмаки технологии тиббӣ ба мамлакатҳои аъзои ҷомеа муҳокима мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






