МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Индикаторҳои арзёбӣ ва мониторинги миёнамўҳлати маблағгузории сарикасӣ, проблемаҳо ва душвориҳое, ки дар раванди татбиқи маблағгузории сарикасӣ ба миён омаданд» мизи мудаввар баргузор мегардад.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Инчунин, дар он масъалаҳои индикаторҳои пешниҳодшаванда, арзёбӣ ва мониторинги миёнамўҳлати маблағгузории сарикасӣ, муайян намудани индикаторҳо, проблемаҳои асосии дар раванди амалисозии маблағгузории сарикасӣ бамиёномада ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои пешниҳодгардида, муҳокима карда мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






