МАСОИЛИ ҚАРЗҲОИ БАТАЪХИРАФТОДА ВА МУШКИЛСИТОН БАРРАСӢ ШУД

Ноябрь 22, 2008 09:31

                Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» Комиссияи тавозунӣ-буҷавӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии нӯҳмоҳа ба кори худ хотима бахшид. Дар раванди он натиҷаҳои фаъолияти тамоми низоми бонкӣ таҳлил карда шуд.                Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, Комиссия дар ҳайати роҳбарони қисмҳои сохтории асосӣ: сармуҳосиб, Идораи рушди корпоративӣ, Департаменти сиёсати амонатӣ-қарзӣ ва Идораи аудит ва назорати дохилӣ масъалаҳои пардохтҳои батаъхирафтода, қарзҳои мушкилситон, бесамарии хароҷотҳо, инчунин иҷроиши буҷаи соли ҷорӣ ва муҳокимаи буҷа барои соли 2009-ро баррасӣ намуд.                Бо мақсади солимгардонӣ ва беҳтар намудани фаъолияти молиявии «Ориёнбонк» директорони филиалҳо ва роҳбарони сохторҳо вазифадор карда шуданд, ки дар оянда тамоми чораҳоро баҳри иҷро шудани нақшаи фоидаи соф биадешанд.

Ноябрь 22, 2008 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!