МИЗОҶОНИ ШӮЪБАИ «АМОНАТБОНК» ДАР ХУРОСОН ҚАРЗҲОЯШОНРО БАРМЕГАРДОНАНД

Ноябрь 27, 2008 15:45

            Қӯрғонтеппа, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мудири шӯъбаи  «Амонатбонк»  дар ноҳияи Хуросон Зайнулло Бобоҷонов  ба мухбири АМИТ  «Ховар»  хабар дод, ки қисми зиёди  хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳанӯз фасли баҳор, пеш аз  оғози маъракаи кишт аз филиалҳои бонк барои кишту кор ва парвариши пахта қарз гирифта буданд. Қайд карда шуд, ки   ҳамон вақт ба 20 хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи  497 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда буд. Ин маблағ барои парвариши пахта дар масоҳати 274  гектар замин пешбинӣ шуда буд. То имрӯз 20 фоизи қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ баргардонида шуд, — гуфт  З.Бобоҷонов. Аз рӯи маълумоти «Амонатбонк», филиалҳои он дар ноҳияи Хуросон ғайр аз парвариши пахта ба соҳаҳои дигари кашоварзӣ низ бо маблағи қариб 500 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.                                                              

Ноябрь 27, 2008 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид