МОҲИПАРВАРОНИ ҶУМҲУРӢ АЗ МУШКИЛОТИ СОҲА СУХАН ГУФТАНД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат диловарзод).- Дирӯз вохӯрии байнидавлатӣ- минтақавии Осиёи марказӣ дар ҳамкорӣ бо созмони байналмиллалии амнияти озуқаворӣ (ФАО) дар Кохи Ваҳдат корашро ба охир расонд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ҳамсарҳад, ки дорои захираҳои оби зиёданд, ширкат варзиданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин олимону мутахассисони хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба мушкилоти соҳаи моҳипарварӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Мақсад аз ин вохӯрӣ ривоҷ додани соҳаи моҳипаварӣ ва дарёфти механизми ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ҳамсарҳад арзёбӣ гардид. Дар вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот дод. Вохӯрӣ бо имзои Созишнома дар бораи ҳамкориҳои муштарак анҷом ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






