МО БОЯД ЗИНДАГӢ ВА ФАРҲАНГИ АВРУПОИЁНРО БЕҲТАР ОМӮЗЕМ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқӯлова).- 26 ноябр дар Душанбе дар ҷараёни Ҳафтаи Аврупо дар мавзӯи «Барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалиятҳои он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор мегардад. Намояндаи Комиссияи Аврупо дар шаҳри Душанбе Марк Фумагали ба хабарнигорон гуфт, ки дар конфронс масъалаҳои муҳимтарини марбут ба барномаи нави стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ шарҳу тавзеҳ дода мешаванд, ки соли 2007 қабул шуда буд. Инчунин тадбирҳои амалӣ сохтани барномаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Зикр шуд, ки барномаи стратегии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ як навъ ҷавобест ба мавқеи торафт муcтаҳкамшавандаи минтақа ва масъалаҳои таъмини амнияти энерегетикии он. Ҳадафи асосии барнома таъмини суботи вазъияти минтақа, густариш додани ҳамкории минтақавӣ, вусъат додани тиҷорати озод ва сармоягузорӣ, васеъ кардани равобити нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои мамлакатҳои минтақа дар бобати амалӣ сохтани ислоҳоти иқтисодӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум бо роҳи беҳтар сохтани низоми идорӣ ва ғайра мебошад. М.Фумагали афзуд, ки ҳадафи барнома маҳаки олӣ қарор додани Аврупо ва аврупоиён набуда, балки фаҳмиши беҳтари тарзи зиндагӣ, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Аврупо мебошад. Конфронс дар толори Театри давлатии академии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ баргузор мегардад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






