«МОДАРБОҒ»- ҲОИ ХИТОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ноябрь 28, 2008 08:31

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Солҳои охир хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба васеъ намудани масоҳати боғу токзорҳо  таваҷҷӯҳи зиёд  зоҳир  мекунанд. Тибқи маълумоти омории  Вазорати кишоварзӣ, соли 2008 дар майдони 28 ҳазору 579 га   боғҳои нав, дар масоҳати 654 га токзорҳои нав бунёд карда шуда, як ҳазору 148 га боғҳои кӯҳна  ва 528 га токзорҳои беш аз 25- 30 —  сола аз нав барқарор карда шуданд. Соли ҷорӣ  аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 29  ҳазору 500 бех ниҳоли гуногун, аз ҷумла 14  ҳазору 800 бех себи хитоӣ  ва 4 ҳазору  700  бех гелос ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.Вазорати кишоварзӣ ниҳолҳои  мевадиҳандаи хитоиро  ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ тақсим кард.Ҳоло ба сабзиши ин ниҳолҳоро мутахассисон  баҳои хуб медиҳанд. Дар оянда аз ҳисоби ниҳолҳои себу гелоси хитоӣ дар хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Модарбоғ»-ҳо  бунёд мегарданд.

Ноябрь 28, 2008 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид