МОНОПОЛИСТОНИ »ХАМИР»-У «ФАТИР» ҲОЛО ҲАМ ЯККАТОЗӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Омӯзиши бозорҳои шаҳри Душанбе нишон дод, ки нонвойхонаҳо ба монополия табдил ёфтаанд. Ин дар суратест, ки рӯзҳои охир як халта орди навъи якум бо нархи 90 — 95 сомонӣ ва як халта орди навъи дуюм бо маблағи 80 — 85 сомонӣ ба Душанбе ворид мешавад. Ба гуфтаи шоҳидоне, ки аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан дидан кардаанд, дар ин шаҳрҳо орди навъи якум 80 — 85 сомонӣ ва навъи дуюм 70 — 75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ёдовар мешавем, ки ду моҳ пеш нархи як халта орди навъи якум то 150 сомонӣ боло рафта ва қиммати 1 дона нони 50- дирама ба 1 сомонӣ расида буд, ки то имрӯз ҳамчунон боқӣ мондааст. Ҳалли муаммои мазкурро алҳол касе ба дӯш гирифтанӣ нест. нонвойхонаҳо бошанд чун монополистони «хамир»-у «фатир» яккатозӣ мекунанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






