МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Грант отел» вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати ВКД бо Роҳбари фонди ҳамкориҳои рушди алоқаи байналхалқӣ ва соҳаи иҷтимоӣ ва Маркази муҳоҷирати вилояти Самараи манотиқи Поволжский Николай Алисов бо гурӯҳи кориаш баргузор гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ кушодани филиали маркази байниминтақавӣ баҳри дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, тайёр намудани шароити мусоиди корӣ ва зист, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва таъсис додани Намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муташаккилона ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Дар вохӯрӣ ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти мухоҷирати ВКД ҶТ ва Фонди ҳамкориҳои рушди алоқаи байналхалқӣ ва соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба ифоқа омаданд, ки он рӯзи 13-уми ноябри соли 2008 ба имзо хоҳад расид. Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб доштанд, ки чунин марказҳо бояд дар ҳамаи вилоятҳои Федератсияи Россия таъсис дода шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






