МУҲОКИМАИ БАРНОМАИ СОХТМОНИ ТАВАЛЛУДХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Ноябрь 25, 2008 10:48

       Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ мулоқоти намояндагони Бунёди рушди Арабистони Саудӣ, вазоратҳои молия ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаи созишномаи додани қарз барои сохтмони таваллудхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд муҳокима карда шуд. Ҳадафи барнома беҳтар сохтани вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон мебошад.      Тибқи созишнома барои сохтмони силсилаи таваллудхонаҳо дар вилояти Суғд ва харидани асбобу анҷоми зарурӣ барои онҳо қариб 37 миллион риёли саудӣ ҷудо карда мешавад. Мӯҳлати аввали пардохти қарз 25 сол буда, фоидаи солонаи он 2 фоизро ташкил медиҳад. Давраи имтиёзноки пардохти қарз 5 сол муқаррар карда шуд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки мӯҳлати пардохти қарз ва масрафи онро ҳар сол ду маротиба дар моҳҳои май ва ноябр баррасӣ намоянд.

Ноябрь 25, 2008 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд