МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР САРҲАДИ ТО

Ноябрь 29, 2008 12:36

                       Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 28 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Вазъи имрӯза, проблемаҳо ва имкониятҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷорати наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» машварат баргузор гардид. Дар он муовини вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмуҳаммади Хайрхоҳ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва созмонҳои байналхалқӣ иштирок намуданд. Дар машварат масъалаҳои таъмини минбаъдаи амният ва ҳамкорӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар, вазъи хариду фурӯши мол дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва имкониятҳои вусъат додани тиҷорати наздисарҳадӣ муҳокима шуданд.                     Иштирокчиёни машварат дар бораи ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистону Афғонистон ва созмонҳои байналхалқӣ барои таъмини ҳамкории иқтисодӣ ва амният дар сарҳади ҳар ду кишвар сухан ронданд. Қайд карда шуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба масъалаи ривоҷ додани хариду фурӯши мол дар минтақаҳои наздисарҳадӣ диққати калон дода мешавад. Бо ин мақсад дар минтақаҳои гуногуни сарҳад гузаргоҳҳои махсус кушода шуданд. Аз ҷумла, гузаргоҳи сарҳадии гумрукии Қулма аз соли 2004 фаъолият дорад, соли 2005 дар баъзе минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Дарвоз бозорҳои махсус кушода шуданд. Ҳаҷми хариду фурӯши мол дар ин бозорҳо сол то сол меафзояд.

Ноябрь 29, 2008 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд