МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОНИ IV

Ноябрь 1, 2008 10:08

                   Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Карим Оғохони IV — ро ба ҳузур пазируфт.                  Дар сӯҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд, ки имсол аз таъсиси он 50 сол сипарӣ шуд, баррасӣ гардид.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV барои кӯмакҳои ба Тоҷикистон расондааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.                  Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳо, ки асосан дар соҳаҳои туризм, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.                  Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори туризм, амалигардонии лоиҳаҳои энергетикӣ, алоқа ва сохтмону барқарорсозии роҳҳо низ аз самтҳои матлуби робитаҳои минбаъда арзёбӣ гардид.                 Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

Ноябрь 1, 2008 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид