МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД

Ноябрь 27, 2008 16:50

           Дар фурўдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари дўстона ба Ҷумҳурии Исломии Эрон омад, намояндагони воломақоми роҳбарияти ин давлати дўст истиқбол гирифтанд. Сафари дўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрон бо мулоқоти расмии ў бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфт.Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.  Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз сатҳи робитаҳои гуногунҶанбаи ду кишвар, дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ намуд.Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла суръати сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, ки парчамбардори робитаҳои иқтисодии ду кишвар аст, изҳори норозигӣ кард. Тезондани корҳои ниҳоии сохтмони нақби Истиқлол, оғози сохтмони нақби Чормағзак, лоиҳакашии нерўгоҳи обии Шўроб низ аз амрҳои матлуб арзёбӣ гардид.Мусоҳибон оид  ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуда,  изҳор доштанд, ки ба ин корҳо суръати бештар бахшида шавад. Таъкид гардид, ки ба тасмимоти муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон баҳри азхуднамоии захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳамчунин Қирѓизистону Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор метавонанд ҳамроҳ шаванд.Қарор дода шуд, ки якчанд корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон сохта шаванд, аз ҷумла оид ба таъмири вагонҳо барои қатораҳои роҳи оҳан, металгудозӣ, истеҳсоли фурўзонакҳои каммасраф ва ғайра. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон як маркази муштараки илмию зилзиласанҷӣ ва як маркази бузурги савдо сохта шавад. Қарор шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар бунёд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамкории наздик дошта бошанд.Масоили густариши робитаҳои таҳсилотӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчўби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугў сурат гирифт.Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода – телефонӣ аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ноябрь 27, 2008 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад