МУЛОКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОНИ IV
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Шоҳзода Карим Оғохони IV — ро бори дигар дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт. Дар сӯҳбат оид ба натиҷаҳои сафари Шоҳзода Карим Оғохони IV ба пойтахт ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугӯ сурат гирифт.Шоҳзода Карим Оғохони IV аз пазироии хуши роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз натиҷаҳои сафари худ ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Ра?мон баҳри таваҷҷӯҳи хосааш арзи сипос намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони IV барои кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расонда ва нақшаҳои судманди ояндааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.Бо риояи расми накӯи меҳмоннавозии тоҷикон Сарвари давлат Эмомалӣ Ра?мон ба Шоҳзода Оғохони IV қабл аз парвози ӯ аз сарзамини Тоҷикистон як ҷомаи миллӣ пӯшонд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






